ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШГАРОН ДАР МУСОБИҚАҲОИ ПАРАОЛИМПИ 18-МЕДАЛРО СОҲИБ ШУДАНД
Имрӯз 28-уми сентябр, дар толори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, мусобиқаи ҷумҳуриявии параолимпӣ байни маъюбон баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯйи 16 намуди варзиш сурат гирифт.
Дар ин мусобиқа варзишгарони шаҳри Левакант 18-медал, 7-тилло, 5-нуқра ва 6-медали биринҷиро ба даст оварданд.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант хабар доданд.
Бояд гуфт, ки мураббиён ва варзишгарони шаҳри Левакант, дар тамоми мусобиқаҳо иштирок намуда ҷаҳду талош мекунанд, ки ҷойҳои намоёнро соҳиб гарданд.