ЛЕВАКАНТ: ҲАМА БА ПАХТАЧИНӢ

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саривақт ва беталаф ҷамовари намудани ҳосили пахта, тибқи барқияи фаврии МИҲД-и вилояти Хатлон, рӯзҳои 28-ум ва 29-уми сентябр, дар шаҳри Левакант, ҳашари дастаҷамъонаи пахтачинӣ эълон гардид.

 

Тибқи ин дастур имрӯз 28-уми сентябр, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳри Левакант беш аз 500-нафар ба ҳашар баромада, пахтачиниро аз хоҷагии деҳқонии "Зарзамини Левакант" оғоз карданд. Алҳол пахтачини бо ҷушу хуруш бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва тамоми сокинони шаҳр дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқони ҷараён дошта, ин маъракаи ҳосилғундори тариқи ҳашари дастаҷамъона фардо низ ҷараён мегирад.

Ба иттилои масъулини бахши кишоварзӣ кишоварзони шаҳр, тибқи нақшаи дурнамо дар майдони 1030 га пахта кишт намуда, то ба имрӯз нақшаи чиниши пахтаро 60 фоиз иҷро намудаанд, ки бо ин нишондод дар маъракаи ҳосилғундорӣ шаҳри Левакант дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз пешсафони маъракаи пахтачинӣ мебошад.