ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ПАДАРУ МОДАР ДАР МТМУ №14

.

Имрӯз 20-уми сентябр, тибқи нақша-чорабинӣ, раиси Ташкилоти собиқадорони шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло, собиқадорони меҳнат-полковник Мастов Абдулҳаким ва полковник Исмонқулов Абдуҷалол, мудири бахши дин-танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Нури Сарбанд”-Орзу Ашуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр бо падару модари хонандагон вохӯрӣ гузарониданд.

 

Собиқадорон дар ин вохӯрӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро бо таъғиру иловаҳои нав шарҳу тавзеҳ дода, зикр карданд, ки қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Аз ин рӯ аҳли ҷомеа муваззафанд, ки дар таълиму тарбияи кӯдак саҳму нақши худро гузоранду онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоянд. Инчунин ба волийн таъкид шуд, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон ҷиддӣ муносибат намоянд.

Маҳмад Хидирзода-мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия, вобаста ба таъғиру иловаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, таъкид дошт, ки қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрвандро мебояд, ки ин қонуни миллиро бо таъғиру иловаҳои нав риоя намуда, дар гирифтани пеши роҳи хурофот, зиёдаравӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мусоидат намояд.

Пешгири аз омилҳои номатлуб, ҷиноят, терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, зиёдаравӣ, пешгири аз пӯшиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, тарбияи дурусти фарзанд ва дигар мавзуоти муҳими рӯз дар ин вохӯрӣ мавриди матраҳи иштирокдорон қарор гирифт.