ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ ДАР ЛЕВАКАНТ

.

Имрӯз 3-юми октябр, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саривақт ва беталаф ҷамовари намудани тиллои сафед, масъулини бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ, Муассисаҳои КАТС, ҶСК Ориёнбонк, КИ ҲХДТ дар шаҳр, кумитаи шаҳрии ТҶММ, муассисаҳои таълимӣ, Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард ва дигар ташкилоту муассисаҳо беш аз 200-нафар ба ҳашар баромада, дар хоҷагии деҳқонии "Зарзамини Левакант" пахта чиданд.

 

Дар ин маъракаи муҳими ҷамъоварии пахта роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту корхонаҳо дар рӯзҳои истироҳат ва дигар рӯзҳо вобаста ба имконият иштирок намуда, ба барзгарон барои ҷамъоварии тиллои сафед кумак мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки пахта боигарии асосии Тоҷикистон буда, баҳри рушди соҳаи саноати кишвар манфиати калон дорад. Меҳнаткашони шаҳри Левакант саъю талош мекунанд, ки онро беталаф ҷамоварӣ намуда, дар амлишавии яке аз ҳадафҳои стротегии мамлакат Саноатикунонии босурати кишвар саҳми худро гузоранд.