ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИ БО ҲУНАРМАНДОН ВА СОҲИБКОРОН
Имрӯз 2-юми октябр, намояндагони Раёсати Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, сармутахассиси шуъбаи кор бо аъзоён ва ярмарка намоишгоҳҳо-Набиев Файзулло, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо кишварҳои хориҷӣ-Қурбонова Парвина дар толори МИҲД-и шаҳри Левакант, бо занону бонувони ҳунарманд ва соҳибкорон вохӯрӣ намуданд.
Мақсади ин вохӯрӣ фаҳмондадиҳӣ оиди фаъолияи Палатаи ҳисоб ва аъзошави ба Палатаи ҳисоб барои рушди фаъолияти минбаъдаи соҳибкори мебошад.
Масъулин вобаста ба ин самт ба соҳибкорон маълумоти муфасал дода, онҳоро барои пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати ба даст овардани грантҳо ва сармояи хориҷӣ тавсия доданд.