ЛЕВАКАНТ: ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни ироаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2023 зикр намуданд, ки «Солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд.
Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем.
Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд».
Барои аз наздик шинос шудан ба кори неругоҳи барқи обии «Сарбанд» иҷрокунандаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар рӯзҳои аввали корӣ яъне 5-уми феврал, ба неругоҳи барқи обии «Сарбанд» омада, аз кору фаъолияти неругоҳ ва дигар корҳои сабзкорию ободонӣ дидан намуд.
Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулини неругоҳ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи энергетика изҳори сипос намуда, ҷиҳати боз ҳам сабзкорию ободонӣ дар мавсими нав супоришҳои мушаххас дод.