Левакант: Ҷ/Д "Гулистон" мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ 1-уми феврал, аз фаъолияти Ҷ/Д "Гулистон", муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳо ва коргоҳу корхонаҳои қаламрави ҷамоат дидан намуд. Ӯ ҳангоми шиносоӣ ба кор вазъи зиндагии сокинон ва фаъолияти кунунии муассисаҳои таълимию коргоҳу хоҷагиҳо ошно шуда, бо кормандон ва сокинон суҳбатҳо намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти ободонию созандагӣ ва самаранокистифодабарии замин, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ба масъулин супоришҳои махсус дод.

 

Ҳамзамон дар гармхонаҳои "Витаминҳои Тоҷикистон" бо кормандон вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҳамаҷонибаи ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ва дигар масоили доғи рӯз нуктаи назар намуд.

Инчунин Муминзода Матлуба Табарӣ ҳамроҳи гурӯҳи корӣ аз пойгоҳи насосҳои обкаши ҷамоати деҳоти "Гулистон" дидан намуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини аҳолии маҳал бо об супориши махсус дод. Ӯ таъкид дошт, ки дар мавсими кишту кор аҳолӣ ва хоҷагиҳо бояд бо об таъмин буда, аз ин ҷиҳат мушкилиҳо бояд сар назананд.