ЛЕВАКАНТ: Ниёзмандон мавриди таваҷҷуҳ мебошанд
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори шаҳри Левакант ба роҳбарони тамоми ташкилоту корхонаҳо супориш додаанд, ки вобаста ба имконият, ба шахсони ниёзманд, пирону барҷомондагон ва шахсони имконияти маҳдудидошта аз лиҳози модию маънавӣ кумак расонанд. Чун оҳо ҳам як узви ҷомеа буда, ба дастгири ниёз доранд.
Дар пайи ҳамин дастур масъулини ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ба як оилаи ниёзманд сокини кӯчаи Исмомили Сомонии шаҳр, Гулонова Дилафрӯз кӯмаки якдаъфаинаи ғизоӣ расонида, аз ҳолу аҳволаш хабар гирифтанд.
Бояд гуфт, ки ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» навтаъсис буда, минбаъд низ кушиш менамоян, ки ба мушкили ҳар як сокини шаҳрак расидагӣ кунанд.