Маросими Гулгардонӣ дар шаҳри Левакант
Баробари шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ ва омад-омади ҷашни Наврӯз аз замонҳои бостон, хурдсолон, навҷавонон ва калонсолон ойинеро ба монанди Гулгардонӣ иҷро мекарданд, ки то замони мо омада расидааст. Имрӯз 19-уми март, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳр, маросими Гулгардонӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида шуду кудакону ҷавондухтарон дар даст гулҳои наврӯзӣ шеърхонон гулгардонӣ карданд.
Соҳибхонаҳо гулдухтарони гулбадастро истиқбол гирифта, дар баробари гирифтани гул барояшон ширинӣ ва туҳфаҳо тақдим мекарданд...