ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ "ГУЛИСТОН"

.

Наврӯзи ҷамоати деҳоти "Гулистон" бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин дар яке аз боғҳои пургули деҳаи Оқгазаи ҷамоат баргузор гардид.

 

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, атласу адрас, чакану қуроқ, дастранҷу дастоварди меҳнаткашони ҷамоат, таомҳои миллӣ ва пешниҳоди дигар сунатҳои миллии наврӯзи ба чорабинӣ ҷилои тоза бахшид.

Ҷавонон бандкашию хурусбозӣ духтарон бошанд усмакашӣ, арғунчакбозию шеърхони карда, истиқбол аз баҳору Наврӯз намуданд.

Ҷиҳати иҷрои яке фазилатҳои наврӯзӣ, ки дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон мебошад, масъулини хоҷагии деҳқонии "Бустон" ва шахсони саховатпеша ба беш аз 30 оилаи ниёзманд орду равған ва дигар анвои хурока кумак намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ пас аз тамошои намоиши наврӯзӣ тамоми сокинони ҷамоат ва меҳмононро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуда, ба масъулин ва ҳамаи онҳое, ки дар ин кори хайр дасти кумак дароз карданд миннатдорӣ намуд.

Сипас суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандон ба чорабинии наврӯзии сокинон таровати дигар бахшид.