ЛЕВАКАНТ: Кумакпулӣ ба кормандони МДНРА-и шааҳр

.

Дар арафаи иди саиди Фитр, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроия, ба як қатор кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант кумакҳои пулӣ намуд. Зимни тақдими кумакпулиҳо Муминзода Мастура кормандони ин ниҳоди ободгарро ба иди саиди Фитр табрик намуда, барояшон саломатӣ ва ба хонаводаҳояшон файзу нусрат орзу кард. Ӯ иброз дошт, ки дар ободии маҳал ва роҳҳои маҳаллӣ шумо роҳсозон саҳми калон доред. Бо қудрату неъруи шумо Тоҷикистон азизамон ба яке аз ҳадафҳои стротегии мамлакат «Баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ» ноил гашта истодааст.