ИДҲОИ РАМАЗОН ВА ҚУРБОН МАРОСИМҲОИ СИРФ МАЪНАВИСТ!

.

Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ бахшида ба иди саиди Фитр

Сокинони шаҳри Левакант ва кулли ҳамватанони азиз

Ба муносибати фаросии иди саиди Фитр, ки ойини мубораки диниву эътиқодиамон мебошад, ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба якояи Шумо зиндагии хуррамона ва осоиштагии рӯзгорро таманно дорам.

 

Омадани ин ид бо махсусияти худ – анҷом додани хайру садақот ва саховат намудан аз ҷумлаи анъана ва суннатҳои неке мебошанд, ки мардуми мо нисбати чунин амалҳо таваҷҷуҳи хоса доранд.

Ҳадафи анҷоми амалҳои хайр низ он аст, ки савоби он дар номаи аъмоли шахс навишта мешавад ва дар охират боиси саодати ӯ хоҳад буд. Бо ин мақсад арафаи ин ид фурсати муносибе аст барои шод намудани дили шахсони камбизоату эҳтиёҷманд. Албатта чунин амал боиси хушнудии Худованд хоҳад буд ва тибқи фармудаҳои Қурони карим подоши даҳчанде дар пай хоҳад дошт.

“Пайғамбари ислом вобаста ба ин масъала дар як ҳадиси худ фармудааст: «Вақте банда мемирад, амал (ва ҳар робитае, ки бо дунё дошт), аз вай қатъ мегардад, ғайр аз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки мавриди истифодаи дигарон қарор гирад ва фарзанди неке, ки барои ӯ дуо кунад».

Аз ин рӯ, мардум, аз ҷумла ҷавонон дар зиндагии худ кӯшиш намоянд, ки амалҳои хайри ба манфиати ҷомеа равонашуда ва ба рушди донишу маърифат нигаронидашударо анҷом диҳанд.

Муҳимтар аз ҳама, ба падару модари худ хизмат кунанд, ризоият ва дуои неки онҳоро гиранд, то ин ки умри бобаракат бинанд”, – ин нуктаро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон бахшида ба иди саиди Фитр ироа доштанд.

Боиси шукргузорист, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сокинони кишварамон нисбати баргузории маъракаҳо масъулияти бештар эҳсос намуда, аз хароҷот ва исрофкориҳои бемаврид худдорӣ менамоянд. Албатта ин ҳама дар беҳбудии зиндагии сокинон бетаъсир нахоҳад буд. Ҳамчунин, дар Паёми навбатии Роҳбари давлатамон бахшида ба иди саиди Фитр гуфта шуд, ки: “Гузашти вақт ва аз ҷониби дигар, торафт мураккабу мушкил гардидани вазъи таъминоти мардуми сайёра бо маводи ғизоӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим – камобиву хушксолӣ дар аксари минтақаҳои олам, аз ҷумла дар кишвари мо дурустии иқдомоти дар ин самт андешидаи моро нишон дода истодааст”.

Мо бояд мушкили солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳеҷ гаҳ фаромуш насозем, зеро аз қаҳтиҳои маводи озуқа ранҷҳои зиёде кашидаем. Аз ин хотир хеле муҳим аст, ки ҳамагон, хусусан занону бонувон сариштакор бошем ва аз зиёдаравӣ дар мисоли баргузории иди саиди Фитр ва дигар маъракаҳо худдорӣ намоем. Омода намудани дастурхони серхарҷ, ки боиси исроф хоҳад гашт, чандон қобили қабул нест ва ин амал боиси мусобиқа ва ё тақлидкорӣ хоҳад гашт. Чуноне Сарвари давлат таъкид доштанд, ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем, онҳоро бо ғизои босифат, сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин намоем, дар андешаи боз ҳам беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои аҳли оилаи худ бошем.

Мо бояд фарзандонамонро тавре тарбия кунем, ки номбардори падару модар бошанд, обрӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд, на ин ки боиси доғдор шудани номи неки миллати тоҷик гарданд.

Бо иситифода аз мавсими баҳор нисбати самаранок истифодабарии заминҳои кишт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем ва фарзандонро низ ба меҳнатдӯстӣ ҳидоят намоем.

Бояд дар ҳошияи таъкидҳои Президенти кишвар нисбати оростани «дастархони маънавӣ» – анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла зиёрати падару модар, хешу ақрабо, аёдати азодорон, дуову фотиҳа ба рӯҳи гузаштагон, насиҳати фарзандон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонону наврасон аст, ки аз анъанаҳои неку писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса дошта бошем.

Ин гуфтаҳои Роҳбари давлатамон хеле таъсирбахш аст: “Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишварамон мебошанд.

Падару модарон ба ҷойи оростани дастархони исрофкоронаи рӯзи ид, яъне ба ҷойи харҷу исрофи намоишкоронаи якрӯза бояд дар фикри он бошанд, ки ҳар рӯз барои аҳли оила ва фарзандонашон фазои идона муҳайё созанд, то онҳо эҳсос кунанд, ки ҳар рӯз барояшон ид аст.

Аслан мо – мардуми Тоҷикистон – халқи серфарзанд ҳастем, хешу табори зиёд дорем ва доим аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар шудан одати деринаи миллии мо мебошад.

Ҳар як оила дар як сол то 10 – 12 маротиба хешу табор ва пайвандони худро меҳмондорӣ мекунад.

Бо риояи одобу анъанаҳои миллии тоҷикона меҳмоннавозӣ кардани онҳо барои мо кори савоб ва дорои хайру воҷиботи бештар нисбат ба оростани дастурхони идона ба ҳисоб меравад”.

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии иди саиди Фитрро ба ҳар яки Шумо табрик мегӯям. Таманно дорам, ки ризқу рӯзии хонадони ҳар якатон фаровон бошад, осоиштагӣ дар ҳар оила ва кишвари азизамон ҳамеша пойдор бимонад. Ваҳдату Истиқоли Ватани азизамон то абад поянда бошад!

Возможно, это изображение 2 человека и текст