ЛЕВАКАНТ: ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРИ МАРДИ
Бо ташаббуси ҷавонони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-и шаҳри Левакант, дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи иди Рамазон, аз ҷониби роҳбарияти меҳмонхонаи «Фароз» Мирзоев Файзулло ба 5 оилаи маъюб кумаки яквақтаинаи ғизоӣ аз қабилӣ орд, равған, биринҷ, шакару намак расонида шуд.
Ниёзмандон ва маъюбон аз кори хайру савоби роҳбарони ҷавону масъулиятшинос ва шахсони хайрхоҳу саховатпешаи шаҳр миннатдор гашта, даст ба дуо бардоштанд то баракати неъматашон афзун гардад.
Албатта дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандону маъюбон, ятимони кул, шахсони яккаву танҳо дар моҳи мубораки Рамазон ва дигар ҷашну идҳо кори хайру савоб буда, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромада аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпеша пайваста анҷом дода мешавад.