ЛЕВАКАНТ: ДАВОМОТ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
25-уми апрел, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вобаста ба давомот ва сатҳу сифати таълиму тарбия аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуданд. Масъулин бо хонандагон саволу ҷавоб намуда, аз донишашон воқиф гардиданд, сатҳи давомоти хонандагон низ хуб буд. Ва ба омӯзгорон барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас изҳори сипос намуданд.