ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲИ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА ДАР Ҷ/Д «ВАҲДАТ»

.

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар ҳайъати раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат-Султонов Ҳикматулло, мудирони бахши кор бо занон ва оила Халилзода Нуқра, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш-Шодихон Сафарзода, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Хидирзода Маҳмад бо усули хона ба хона дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

 

Пешгирии тероризму экстремизм, амалҳои номатлуб, зиёдаравӣ, хурофот, ҷиноятҳои гуногун, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, таълиму тарбияи фарзанд, бемориҳои сироятӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона масъалаҳои мавриди матраҳи гурӯҳи корӣ буд, ки ботафсил фаҳмондадиҳӣ карда шуд.

Самаранокистифодабарии замин, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, ободонию созандагӣ, гулпарварию зебоипарастӣ аз масъалаҳои муҳими корҳои таблиғоти буд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони деҳа мавриди амал қарор дошта, ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиро самаранок истифода мебаранд. Сокинони деҳа дар заминҳои наздиҳавлигии худ картошка, лубиёгиҳо, офтобпараст, помидору бодиринг, қаламфури тунду ширин, сабзавот, лимупарварӣ, сабзавоткорӣ бо усули гармхонагӣ, гулпарварӣ ва ҳатто занбури асалпарвариро ба роҳ монда ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда истодаанд, ки ин ба буҷаи ҳар хонавода манфиати калон мерасонад.