ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАШУДААСТ!

.

КОРНАМОИҲОИ ПАДАРОН БАҲРИ ҲИФОЗАТИ ВАТАН
Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки ба ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот бахшидаанд, чун корнамоиҳои аҷдоди диловарамон ҷовидон боқӣ мемонад. Аз қаҳрамонон бояд ибрат бигирем, аз онҳо биомӯзем ва аз паяшон бояд биравем.
САФАР АМИРШОЕВ
Фарзанди содиқи халқи тоҷик Сафар Амиршоев 15 декабри соли 1919 дар ноҳияи Балҷувон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Моҳи декабри соли 1941 хоҳишмандона ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Балҷувон барои ҳимояи Ватан ҳозир мешавад.
Баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати командирони хурд, соҳиби рутбаи сержанти хурд гардид. Ӯро ба сафи пеши хати фронт сафарбар намуданд. Баҳри озодии сарзаминҳои Россия, Украина ва Белоруссия мардонавор ҷангида, душманро то лонааш пеш кард.
Амиршоев командири тӯпи батареяи панҷуми полки собиқи тирандозии 213-ум буд. Бо тӯпи худ дар яке аз муҳорибаҳо садҳо гитлерчиёнро қир карда, бисёр аслиҳаи ҷангии онҳоро ғанимат гирифт. 15- июли соли 1944 ба ҷониби тӯпи ӯ 17 танки душман ҳамла кард. Амиршоев танки якумро сӯзонд. Душман ба сӯи тӯпи Амиршоев оташ кушод. Амиршоев оғӯштаи хун, ҷангро давом дода, боз як танки душманро тарконд. Қаҳрамонии бемисли ӯ ҷанговаронро рӯҳбаланд карда, онҳо чор танкро нобуд карданд. Душман ақиб гашт. Қаҳрамон дар шафати тӯпаш ҳалок шуд.
Бо ордени Ленин, ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Сталинград» мукофотонида шудааст.
ҲАЙДАР ҚОСИМОВ
Соли 1922 дар ноҳияи Ғарм (имрӯза Рашт) таваллуд шудааст. Оилаи онҳо соли 1928 ба водии Вахш муҳоҷир мегардад. Соли 1941 баробари ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуданаш Ҳайдар Қосимов дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қозоқистон таҳсил намуда, мутахассиси ҳарбӣ – миномётчӣ мешавад.
Роҳи ҷангии Ҳ. Қосимов аз иштирок дар муҳорибаи Курск сар шуд. Командири расчёти миномётии полки 229-уми тирандозии дивизияи 8-уми тирандозӣ буд. Ҳ. Қосимов ҳамон вақт ба падараш навишта буд: «Падари азиз! Ман бист рӯз боз ҷангида истодам... Қонуни шӯравӣ ва ҳокимиятеро, ки ин қонунро додаст, аз рӯи виҷдон муҳофизат мекунам. Агар ман кушта шавам, ба ҳама бигӯ, ки Ҳайдар тарсончак набуд. Ҳоло ман командири отделения мебошам, ба ман рутбаи сержанти хурд дода шудааст ва ҳукумат маро бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонид…». Чанде пас дуюмин мукофоти ҳукуматӣ - ордени «Ситораи Сурх» гирифт.
Аз 16 октябри соли 1943 ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст. Ҳамчунин, соли 1957 бо ордени Ленин ва Ситораи Тиллои Қаҳрамон сарфароз мешавад. Хизматҳои Ҳайдар Қосимов дар замони осоишта низ бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ» ва медалҳо қадр гардидааст. Соли 1992 Ҳайдар Қосимов аз олам чашм пӯшид.
НЕЪМАТ ҚАРАБОЕВ
Зодаи шаҳри Конибодом аст. Солҳои сиюми асри ХХ ба водии Вахш меояд. Соли 1937 ихтиёрӣ ба армия меравад. Аввал дар шаҳри Ленинград, дар собиқ полки савораи қисми ҳарбии 4679, баъд дар шаҳри Лаиски Украинаи Ғарбӣ ва Беларус хизмат кард. Соли 1939 ба округи ҳарбии Киев, полки 300-уми тирандозии дивизияи 7-ум гузашт. Дар ҳайати ин полк разведкачӣ ва алоқачӣ шуд. 21 марти соли 1940 Қарабоев мардонагии беназир нишон дода, ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гашт. Ӯ бо ҳамин нахустқаҳрамони Осиёи Миёна шуд. Соли 1941 дар Омӯзишгоҳ ҳарбии тирандози Сухуми таҳсил карда, командири отеления, пропогандисти баталён, узви бюрои комсоломолии полк буд. 22-юми июли соли 1941 Н. Қаробоев командири взводи полки 88-уми эҳтиётии тирандозиӣ таъйин мешавад. Июли 1942 ҳангоми аз дарёи Дон гузашта рахна кардани хати фронти душман, Н. Қарабоев тир хӯрда, дар ин дарё ҳалок гардидааст.
Дар шаҳри Душанбе яке аз зеботарин хиёбон ба номи Неъмат Қарабоев гузошта шуд. Соли 1943 ба муносибати 25-солагии Комсомоли ленинӣ ба яке аз қуллаҳои Помир номи ӯро доданд. Дар ноҳияҳои Конибодом ва Ҷалолиддини Балхӣ ҳайкал ва нимпайкараи қаҳрамон гузошта шудааст.
АҲМАДҶОН ҚУРБОНОВ
Аҳмадҷон Қурбонов 10 апрели соли 1921 дар вилояти Самарқанд, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.
Соли 1938 Омӯзишгоҳи педагогии Самарқандро хатм карда, аз соли 1938 то 1941 ба ҳайси муаллими мактаби деҳаи Арали собиқ ноҳияи Колхозободи вилояти Кӯлоб (ҳоло ноҳияи Восеъ) фаъолият намудааст.
Моҳи августи соли 1940 Қурбонов Аҳмадҷон ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват гардид. Моҳи июни 1941 баъди хатми Омӯзишгоҳи ҳарбии Тамбов ба фронт рафта, аввал ба взвод гвардиячии тирандозӣ фармондеҳӣ кард. Соли 1943 А. Қурбонов ба ротаи алоҳидаи лижаронӣ фармондеҳӣ намуд ва худи ҳамон сол ӯро бо рутбаи ҳарбии капитан мушарраф гардониданд.
Аз 24 марти соли 1945 барои роҳбарии моҳиронаи баталён ҳангоми муҳориба, корнамоиҳои ҷангиаш Аҳмадҷон Қурбонов (баъди маргаш) бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд. Ӯ 6-феврали соли 1945 ҳангоми аз фашистони истилогар озод намудани Полша қаҳрамонона ҳалок гардидааст.
Қурбонов Аҳмадҷон баъди вафоташ боз бо ордени «Ҷанги Ватанӣ» дараҷаи дуюм сарфароз гардонида мешавад.
ҚУДРАТ ҚАЮМОВ
Соли 1922 ба дунё омадааст. То саршавии ҷанг дар ноҳияи Октябр (ҳозира ноҳияи Вахш) колхозчӣ буд.
Курсҳои кӯтоҳмуддати командирони хурдро хатм намуда, соҳиби унвони сержанти хурд гардид. Фаъолияти ҷангии худро Қудрат Қаюмов дар ҳайати полки 109-уми тирандозии дивизияи 74-уми тирандозии армияи 13-уми Фронти марказӣ оғоз намудааст. Фарзанди шарафманди халқи тоҷик Қудрат Қаюмов дар вақти ҳуҷуми сарбозони шӯравӣ 12 сентябри соли 1943, ки пулемёти қутраш калони душман пеши роҳи ҷанговаронро мегирифт, корнамоии бемисл нишон дод. Ӯ онро тарконданӣ шуда, оҳиста-оҳиста хазида, аз зери тирҳо мегузашт. Ҷони ӯ чун ашк дар нӯги мижгон буд. Бо вуҷуди ин Қудрат ба хасм наздик шудан гирифт. Ҳангоме ки то пулемёти душман якчанд метр монда буд, ба пои ӯ тир расид ва дигар илоҷи пеш рафтан набуд. Қувваи охиринашро ҷамъ карда, ба як зону хеста, гранатаи зиддитанкиро ҳаво дод. Ӯ садои таркишро нашунид, тири адӯ қаҳрамонро ба замин афтонд, вале дигарон диданд, ки пулемёти немис ба ҳаво хест. Корнамоии ҷасуронаи Қудрат Қаюмов ҳамаи ҷанговаронро рӯҳбаланд кард. Онҳо ба ҳуҷум бархоста, муқобилияти душманро шикастанд.
16 октябри соли 1943 барои убури диловаронаи дарёи Днепр аз қисми шимолии Киев, дар соҳили ғарбии дарёи Днепр ба вуҷуд овардани платсдарми мустаҳкам ва нишон додани қаҳрамонӣ ва ҷасорат ба Қудрат Қаюмов унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
ИСМАТ ШАРИФОВ
Соли 1915 дар деҳаи Этарқаи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. То оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ колхозчии хоҷагии «Коминтерн» -и ҳамин ноҳия буд.
Сарбозони фронти 2-юми Украина, ки дар ҳайати он Исмат Шарифов хизмат мекард, дар натиҷаи амалиёти назди Корсун-Шевченковский ба ҷанубтари Звенигородка, Кировоград, Итола расиданд. Шарифов бо гурӯҳҳои зарбазан дохил карда шуд. ба ин гурӯҳ фармон дода шуда буд, ки дар самти умумӣ ба шаҳри Уман ҳуҷум кунад, душмани дар муқобил истодаро торумор намуда, ҳуҷумро ба сӯи Могилёв-Подолский давом диҳад. Душман бандаргоҳи муҳими шоҳроҳҳо ва роҳи оҳан – Уманро бо ҳар роҳе, ки бошад дар даст нигоҳ доштанӣ шуда, аз мавзеи Уман чандин карат ҳуҷуми ҷавобӣ кард, вале ҳамаи онҳо бемуваффақият анҷомиданд. Исмат Шарифов дар назди ин шаҳр ҷасурона меҷангид.
Пеши роҳи взводеро, ки дар он Исмат Шарифов хизмат мекард, ду пулемёти дастгоҳдори душман ва як гурӯҳ автоматчиён гирифтанд. Шарифов дар зери таркишҳои беисти бомбаҳои авиатсионӣ, дар зери оташи тири душман хазида ба пулемётҳо наздик шуд ва бо норинҷакҳо онҳоро бо якҷоягии дастаашон нест кард. Ӯ бо тири автомат 6 автоматчиро паронд. Исмат Шарифов гаваккашон аз хатти якуми траншеяҳои душман гузашта, бо оташи ногаҳонӣ гитлерчиёнро ба воҳима андохт. Взвод, ки аз рафтори далеронаи Исмат Шарифов рӯҳбаланд шуда буд, ба ҳуҷум шитофт. Душман саросема ақиб гашта, техникаи ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаро партофта рафт...
Дар ҷанг барои васеъ кардани платсдарм Исмат Шарифов ҳалок гардид. Барои шуҷоат ва корнамоӣ ба ин фарзанди шарафманди халқи тоҷик бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз 13 сентябри соли 1944 баъди вафоташ номи Қаҳрамони Итиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
ЭРГАШ ШАРИФОВ
Соли 1913 дар вилояти Ленинобод (Имрӯза Суғд) дар оилаи деҳқони асил чашм ба олами ҳастӣ во намудааст. Эргаш Шарифов, аз ҷумлаи нахустин ихтиёриён аст, ки ба майдони корзор рафта, ба муқобили душманони ғаддор то анҷоми ҷанг мубориза бурдааст. Моҳи январи соли 1943 ба сафи Армия Советӣ сафарбар шуда, ба шаҳри Красноярск фиристода мешавад. Моҳи июли 1943 баъди хатми Омӯзишгоҳ артиллерии шаҳри Красноярск лейтенанти хурд Эргаш Шарифов ба фронт меравад ва командири взводи тӯпҳои 75-миллиметраи полки 387-уми артиллерии Зволении орденҳои Суворов ва Богдан Хмелнитскийдор таъйин мегардад. Дар майдонҳои набард корнамоиҳои баланди ҷангӣ нишон дода, худро ҳамчун командири далер ва қобилиятнок муаррифӣ намуд.
Дар шимолу ғарбтари деҳаи Страни душман якзайл ба мавқеи взводи Эргаш Шарифов ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекард. Бисёр ҷанговарон куштаю ярадор шуда аз майдони ҷанг баромаданд. Он гоҳ худи Эргаш Шарифов ба сари тӯп ҷой гирифта, душмани ҳамла карда омадаистодаро тирборон кардан гирифт ва бо тирҳои бехатои худ қариб 30 душманро маҳв намуд. Дар як муддати кӯтоҳ аз Зволен то Угерски-Брод взводи Эргаш Шарифов 6 тӯпи худгард ва бисёр афсарону аскарони душманро несту нобуд кард.
Соли 1945 ҳангоми ҷангҳои шадиди марговар дар мавзеи Угерски – Броди Чехословакия, ҷанговари матинирода Эргаш Шарифов қаҳрамонии бе мислу монанд нишон дода, баҳри ҳимояи Ватан ба қасами ҳарбиаш содиқ монда, ҳалок гардид.
Баъди маргаш соли 1946 лейтенанти хурд Эргаш Шарифов бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд.
Возможно, это изображение 4 человека и текст «КАХРАМОНОΗ- ФиРистОдАГоНИ точикистон HAP солхои ЧАНгИ БУЗУРгИ ВАТАНЙ (1941 1945) Домулло Азизнов Сафар Амиршоев Фатулла Ахмалов ХодЯ Кенцаев Неьмат Карабоев XaRlaap aRsapKoCAMDe KOCIMDe TyWuR Наза Ахмалчан убонов Венимин Недошивни Тухтаое Мирзоев Азим Рахимов Рахиибой PaxMaTos Амираля Санабеков ColmadeComaues Colmauics Colmiade Сандкул T урднев ригория_Фнмов Валдан Хабиев 4yTakYpa308 Чутак 7pa308 Олим Хакимов Исмона Хамзаалиев Павел ПавелХанжин Ханжкин Эрган TYRMA Урунбекямубов 2024/5/6 15:23»
 
 
 
 
Все реакции:
10Максудчон Хушвахтзода, Firuz Kamolov и ещё 8