Семинар-омӯзиш бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии коргарони бахшу идораҳо

.

Имрӯз, 3- май дар маҷлисгоҳи Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии коргарони бахшу идораҳои дахлдори шаҳри Левакант аз ҷониби МТТҲС-и шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо МҶТТҲС семинар-омӯзиш гузаронида шуд.

 

Дар ин семинар-омӯзиш иштирок доштанд тренерон Зулфия Абдураҳмонова, номзади илмҳои биологӣ аз МҶТТҲС, Акрамова Сумангул, директори МТТҲС-и шаҳри Левакант ва намояндагон аз корхонаву идораҳои дахлдори шаҳр.

Зимни семинар-омӯзиш тренерон ба иштирокчиён дар бораи "Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" ва нақшаҳои муштарак байни МТТҲС бо бахшу идораҳои дахлдор маълумот доданд.

Сипас, бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нисбати бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ба иштирокчиён оиди оби тоза, сари вақт фаро гирифтани кӯдакон ба иммунизатсия, норасоии йод, ғизои солим, ғизои зани ҳомила, синамаконии холис то синни 6-моҳагӣ, ғизои иловагӣ, туршии фолат, шири модар муқоиса бо дигар ширҳои сунъӣ ва ғайраҳо маълумот доданд, то ин ки иштирокчиён ба худ маълумот гиранду дар баробари ин ба оила ва наздикони худ аз манфиат ва зарари онҳо фаҳмондадиҳӣ карда тавонанд.