ЛЕВАКАНТ: МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНИ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД АСТ
Баҳри пешгири аз савдои кӯчагӣ ва баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудирони шуъбаю бахшҳо дар дукону мағозаҳои кӯчаи марказии шаҳр рейди муштарак гузаронида шуд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ ба соҳибкороне ки мағозаву ошхона ва дигар намуди марказҳои хизматрасонӣ доранд корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида таъкид доштанд, ки шиору овезаҳоро нав ва дар навиштаҷоташон аз забони давлатӣ истифода баранд. Инчунин назди бинои мағоза, ошхона ва марказҳои хизматрасонии худро тозаву озода нигоҳ дошта, аз савдои кӯчагӣ даст кашанд ва маданияти шаҳрдориро риоя намоянд.
Бояд гуфт, ки минбаъд низ аз тарафи гурӯҳи корӣ чунин корҳои таблиғотию омафаҳмонӣ баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрдорию шаҳрнишинӣ идома хоҳад ёфт.