ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ ШАХСОНИ МАЪЮБ АЗ ҶОНИБИ ШАҲРДОР

.

Имрӯз 20-уми май, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раис Шоҳиён Саъдулло, роҳбари дастгоҳи раис Абдуҷаббор Эмомов, сардухтури Беморхонаи марказӣ Эмомов Ҳусейн ва роҳбари Муассисаҳои КАТС-и шаҳр-Ғуломов Баҳодур аз ҳолу аҳволи беморони бистарӣ хабар гирифта кумакҳои якдаъфаинаи ғизоию пулӣ низ расониданд.

 

Бояд гуфт, ки шанбеи ҳафтаи сипарӣ сокини шаҳри Левакант, кӯчаи Борбад 16, Ҷонакова Муҳаббат вобаста ба бемории шавҳараш Беков Бекмурод ҳангоми қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр ба шаҳрдорӣ муроҷиат намуда буд. Масъулин дар кутоҳтарин фурсат ба мушкилаш расидагӣ карданд. Зимни аёдат Муминзода Мастура аз ҳолу аҳволи бемори бистарӣ Беков Бекмурод хабардор шуда, ба масъулин супориш дод, ки беморро то барқарор шудани саломатиаш дар беморхона бистари намоянд. Инчунин барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони ноболиғаш дар мактабинтернат мусоидат намоянд.

Ҳамчунин Муминзода Мастура Табарӣ бо дигар масъулин ба аёдати маъюби гурӯҳи 1, Саидов Юсуф рафта ӯро хабар гирифта, кумак намуданд.

Саидов Худойдод маъюби модарзод буда, 22-сол мешавад, ки бистари мебошаду модараш Саидова Садбарг ӯро нигоҳубин менамояд.

Маъюбон аз аёдат ва суҳбати масъулин шод гашта, аввалан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипас ба шаҳрдорӣ ва дигар шахсони хайрхоҳу саховатпеша барои дастгириҳои пайвата миннатдори баён намуданд.