ЛЕВАККАНТ: ФАЪОЛИЯТИ ТАБЛИҒОТЧИЁН ДАР МАҲАЛЛАИ ОБШОРОН
Имрӯз 12-уми июн, мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ тариқи гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо сокинони маҳал суҳбат-вохӯрӣ гузарониданд.
Дар суҳбатвохӯрӣ масъалаҳои доғи рӯз, пешгири аз хатароти ҷаҳони муосир-терроризму экстремизм, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, зиёдаравӣ дар рӯзҳои махсуси ид ва дигар чорабиниҳо, иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунанда ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди матраҳ қарор гирифт.
Инчунин гурӯҳи корӣ чунин фаҳмондадиҳиро бо усули «Хона ба хона» дар кӯчаи Нусратулло Махсуми мҳаллаи Обшорон идома дода, ҳамзамон аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, аз як замин ду-се ҳосил рӯёнанд ва маводи ғизоии дусолаи худро захира намоянд.
Гурӯҳи корӣ дар пайи корҳои таблиғотӣ дар маҳаллаи Обшорон сокини куҳансол Халилов Бухорибекро вохӯрданд, ки ӯ замини наздиҳавлигии худро хеле самаранок истифода бурдаасту тамоми намудҳои сабзавотро дар гушаҳои алоҳида кишт ва парвариш намудааст. Ва ба дигарон низ тавсия медиҳад, ки заминро самаранок истифода бурда, сабади истеъмолии худро бо маҳсулоти полезии тару тоза таъмин намоянд.