ЛЕВАКАНТ: ҶОМИ РАИСИ ШАҲР НАСИБИ КИ ШУД?

.

Шоми 10-уми июн, бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ» барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Левакант, даври финалии футболи хурд байни дастаҳои футболбози Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК» аз ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва СНБО «Сарбанд» аз ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар майдончаи варзишии МҒ Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант бо ҳам сабқат карданд.

 

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Сайфиддинзода Абдуҷаббор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Халилзода Нуқрамоҳ ва дигар масъулину тамошобинон дар ин мусобиқа иштирок намуда, бозии футболи дастаҳоро тамомшо карданд.

Бози бо ҳисоби 10 бар 2 натиҷагири гашта, дастаи футболбозони СНБО «Сарбанд»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» барандаи ин мусобиқа гашт.

Ғолибон бо Ҷоми раиси шаҳри Левакант, Ифтихорнома ва медалу туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроия сарфароз дониста шуданд.

Боиси зикр аст, ки бозии футболи хурд, бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Левакант байни ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ чанде қабл оғоз гардида буд, ки дар он дастаҳои футболи тамоми ташкилоту корхона фаъолона иштирок намуданд.