ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАРКАЗИ ШАҲР

.

Имрӯз 22-юми июл, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иборат аз масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, бахши кор бо занон ва оила, бахши Хадамоти муҳоҷират, МТТҲС, Муассисаи давлатии Макази ВНМО дар назди биноҳои баландошёнаи Борбад 31,37,39-и шаҳр, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи масъулин ба сокинон гуфта шуд, ки қабл аз ҳама маданияти шаҳнишиниро риоя намуда, кушиш намоянд, ки гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ ва хиёбонҳоро тоза нигоҳ доранд, либос ва дигар лавозимоти худро аз долони биноҳои баландошёна овезон накунанд. Сипас фарзандонро беназорат нагузошта баҳри пешгирӣ аз ҳамагуна қонунвайронкунию ҷиноят дар ҷомеа саҳми худро гузоранд.
Инчунин ба сокинон баҳри пешгири аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, зиёдаравӣ, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, пешгири аз бемориҳои сироятию мавсимӣ тавсияҳо дода шуд.