ЛЕВАКАНТ: КИТОБ-БЕҲТАРИН САРМОЯ
Китоб сармояи бузургест, ки шахси дорандаи он метавонад тамоми дунёро ба даст биорад. Хонаи бекитоб ба мисли шоми бечароғест, ки ба дили кас танҳо торикию тарсро ба вуҷуд меорад. Мардуми тоҷик аз азал китобдӯст ҳастанду ин ганҷинаро ҳамеша бо худ нигоҳ медоранд.
Вализода Бердӣ Раҷаб-шоир, собиқадори соҳаи маориф, дорандаи Медали хизмати шоистаи Ҷумурии Тоҷикистон, аз зумраи он нафаронест, ки сармояи бузург, китобхонаи шахсии худро дораду имрӯзҳо аз дари ин китобхона даҳҳо хонанда даромада бо худ ғизоӣ маънавӣ мегиранд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастуру Табарӣ, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло ва дигар масъулин аз китобхонаи шахсии Вализода Берди Раҷаб дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки Вализода Берди Раҷаб дар як ҳуҷраи хонаи истиқоматияш китобхона ташкил намуда, асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, адабиёти класику муосири илмию бадеӣ, дастхату нигошта ва китобу дастовардҳои худро дар он гирдоварӣ намудааст, ки ҷамъулҷамъ беш аз 3000-ададро ташкил медиҳанд. Дар ҳуҷраи дигар бошад барои хонандагон утоқи корию хониш мураттаб сохтааст, ки хеле шароити хуб ва нақшу нигори девору шифти он назаррабову дилфаро буда, завқи хонандаро бедор месозад.
Вақте ки масъулин аз дари китобхонааш даромаданд ӯ бисёр хушҳол гашт. Ӯ бо завқ китобҳои ҷамъовардаашро муарифи карда, онҳоро ба мисли сари фарзандонаш сила намудаву чи тавр муваффақ шуданашро дар ташкили китобхонаи шахсӣ қисса кард. Мегуфт, ки имрӯзҳо аз дари ин китобхона даҳҳо дӯстдорони китоб медароянду ба худ ғизои маънавӣ мегирад. Асосан аз ин китобхона чандин донишҷӯю унвонҷӯи ДДБ ба номи Н. Хусрав, фарзандону наберагон ва завқмандони китобу иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” истифода мебаранд, ки шумораашон аз сесад нафар зиёданд. Инчунин Вализода Берди Раҷаб афзуд, ки дар оянда низ ният дорад, китобҳои китобхонаашро бештар намуда, китобҳои электрониро низ барои шавқмандон пайдо кунаду дастрас гардонад.
Аснои шиносоӣ аз китобхонаи шахсии шоир, Муминзода Мастура Табарӣ ба ӯ барои чунин иқдом сипосгузорӣ намуда, ваъда дод, ки аз хазинаи китобҳои худ чанд нусха оварда барояш туҳфа мекунад.
Зимни суҳбат манфиати китобхонаро кунҷкобона аз устод пурсон шудем. Ӯ гуфт, илм ҳам назр дорад, барои ҳамин тақсим ё тақдим кардани илму дониш ва китоб ба дигарон беҳтарин манфиат барои инсон мебошад. Аз ин хотир ман чунин тасмим гирифтаму китобхонаи шахсии худро таъсис додам.
Аз суҳбат бо устод ва дидани китобхонаи ӯ бисёр табъи меҳмонон болида гардид. Нигоҳ накарда ба сину сол ӯ ҳанӯз ҳам талош мекунанд, ки барои мардум хидмате кунанду саҳми худро дар рушди маънавии ҷоме гузорад.
Инак дари китобхонаи шахсии Вализода Бердӣ Раҷаб дар деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант барои тамоми дӯстдорони китоб боз асту суҳбати гарму маслиҳатҳои муфиди ӯ равшанкунандаи роҳи зиндагӣ.