Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,...
Бачам ҳоли да 78 дромадам, ҳами мактаба да соли 1965 дохил шуда соли 1967 хатм кардуму ҳаму сол заводи ВТЗ да кора сар кардум, то песаброима да ҳаму завод кор кардм, аку пир шдам гуфтм як рафта мактаби хондагима бинм, меган иҷада Донишгоҳи калон шудаст, неке хеле ободи шидай" мегуфт бобои Пирмаҳмад Азизов ба омӯзгори собиқадори Муассисаи давлатии таълимии "ЛКСК"-и ДБССТ дар шаҳри Левакант Ғиёсов Хайриддин.
-"Бале амак, манам дар ҳамин муассиса 40-сол мешавад, ки кор мекунам. Дар инҷо Донишгоҳу Колеҷ таъсис ёфта, худи ҳамин Литсей низ хеле фаъолияти хуб дорад. Дар оянда тибқи нақша боз кӯдакистон низ бунёд мешавад, албатта ин ободию созандагиҳо аз шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи кишварамон аст".
-БОБОИ ПИРМАҲМАД "Роста меги бачам. Истиқлолия чизи хуб бдай, ина мо пир шидему неки мебинем ҳар рӯз як ободию созандагӣ, мактабои замонавӣ, заводу корхонаҳои нав шидестай и ҳамаш барои ҷавоноай, агар нағз бхонан, мутахассисои хуб шаван кор карда ватанмона обод мекнан, Тоҷикистон боз ҳам ободтару зебота мешава, зиндагии мардум хуб мегарда".
"Дуруст аст амакҷон, Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар мегардад, зиндагии мардум ҳам хуб шуда истодааст"...
Ҳамин гуна бо шукргузорӣ ҷараён гирифт суҳбати ин ду ҳамсуҳбати мувофиқ дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии "ЛКСК"-и ДБССТ дар шаҳри Левакант...