ЛЕВАКАНТ: РӮДАКИХОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамасола 22-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат 20-уми сентяб, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант чорабинии адабию бадеӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ омӯзгорону хонандагон аз ашъори пурғановати қофиласолори назму насри тоҷик, сардафтари адабиёти класики форсу тоҷик, Маликушуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъру қасида қироат намуда, виктаринаи сад саволу сад ҷавоб гузарониданд. Инчунин аз ҳаёту рӯзгори шоир саҳначаҳо пешкаш намуданд, ки ин бори дигар аз арҷу эҳтиромгузорӣ ба аҳли илму адаби тоҷик мебошад.
Тибқи иттилои масъулини бахши маорифи шаҳр, имрӯзҳо мувофиқи нақша дар ҳамаи муассисаҳои таълимию томактабӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабиниҳои гуногуни илмию адабӣ ва бадеӣ гузаронида шуда истодаанд.
Боиси зикр аст, ки соли 2008 бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150–солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин муносибат дар Боғи ба номи Рӯдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон-Сомониён- Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва Сарвари давлат ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.
Халқи мо бо ин абармарди олами адаб мефахрад ва номи неки ӯро пос медорад. Устод Рӯдакӣ чеҳраи маҳбубу мақбул барои аҳли адаб ва умуман, барои тамоми халқи тоҷик аст. Бар асари меҳру муҳаббат аст, ки дар бораи ин шоири беназир суханони зиёди пурситоиш гуфта шудаанд.