ЛЕВАКАНТ: Баргузории Конференсияи хисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ

.

 
18-сентябр, дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, Конференсияи 21-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар кори Конференсия мутахассиси Маркази таҳлил ва иттиллоти дастгоњи марказии КИ ҲХДТ-Қосимов Абдуқаҳор, Назаров Файзалӣ-доктори илмҳои тиб, директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи Тандурусти ҷумҳуриявии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон-Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант-Олимзода Низора, вакилони шаҳрӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Дар оғози Конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ оғоз кард.
Дар Конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ шунида шуд.
Инчунин оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дар давраи ҳисоботӣ, дар бораи ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Сипас, музокирачиён вакилон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ» Эмомов Ҳусейн, вакили Конференсия аз ташкилоти ибтидоии «СН»-и Вахш дар шаҳри Левакант Хайруллоева Умеда, вакили Конференсия, узви ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Ашуров Орзу ва дигарон баромад намуданд.
Дар Конференсия иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ изҳор дошт, ки боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои Истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан меронем. Дар воқеъ, танҳо чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.
Сипас раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед зимни баромади хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакантро қаноатбахш ҳисобида, баҳри боз ҳам густариш додани корҳои ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант якчанд дастуру супоришҳои муфҳид пешниҳод намуд.
Ҳамзамон Назаров Файзалӣ-доктори илмҳои тиб, директори муассисаи давлатии “Маҷмааи Тандурусти ҷумҳуриявии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” изҳор дошт, ки имрӯз ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд дар муқобили хоинони миллату давлат бо устуворӣ, иродаи қавӣ ва дониши мусаллаҳ истодагарӣ намояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем.
Мутахассиси Маркази таҳлил ва иттиллоти дастгоњи марказии КИ ҲХДТ-Қосимов Абдуқаҳор, низ доир ба бурду бохти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон ибрози назар намуда, қайд кард, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда шавад.
Зимнан, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон-Саидзода Ҷамшед Ҳамро, изҳор доштанд, ки дар мувофиқа бо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Олимзода Низора Сажамат ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант пешниҳод намуда, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шуд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Дар қисмати ниҳоии Конференсия якчанд аъзои фаъоли ҳизб бо Сипосномаҳои ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва якчанд ҷавонон ва раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант аз тарафи муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон муҳтарам Абдуҷабор Азизӣ ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар фазои тантанавӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.