ЛЕВАКАНТ: САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАБЛИҒИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

.

 
Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад.
Шоми иҷмрӯз 17-уми сентябр, ҷиҳаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар хусуси баргузории фестивал, озмун ва дигар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баҳри тарғиби либоси миллӣ, тибқи нақша чорабинии бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар майдони назди Қасри Фарҳанги шаҳр, Фестивали шаҳрии «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид.
Дар ин Фестивал масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз намоиши либоси миллӣ ва ҳунарҳои мардумии занону бонувони ҳунарманди шаҳр дидан намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар суханронии худ тамоми занону бонувони шаҳрро барои иштирок дар чунин як чорабинии фарҳангӣ ва тарғиби либоси миллӣ сипосгузори намуд. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт. Таърих гувоҳ аст, ки занону модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.
Сипас занону бонувони ҳунарманде, ки дар чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд ва дар рушду тарғиби либоси милливу ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони шаҳр барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои дилнишин пешкаши меҳмонону иштирокдорон гардонида шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 26
 
 
 
Все реакции:
31Нукра Халилова, Саодат Шамсова и ещё 29