ЛЕВАКАНТ: ҚАДРШИНОСИИ ШАҲРДОРӢ ВА СОБИҚАДОРОН

.

 
Дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз тарафи Иттифоқи собиқадорони башардӯстӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Медали «35-солагии хурӯҷи неъруҳо аз Афғонистон» сарфароз дониста шуд.
Ҳамин тариқ боз ду собиқадори шаҳр, Бузмаков Муҳаммаддовуд роҳбари КДФ «ХМК» ва Ҳалимзода Сафар-мудири бахши омори шаҳр бо Медали «35-солагии хурӯҷи неъруҳо аз Афғонистон» қадршиносӣ шуданд.
Тақдими Медалҳо ва қадршиносӣ имрӯз аз тарафи раиси Иттифоқи собиқадорони башардӯсти шаҳри Левакант-Шеров Худойдод қабл аз маҷлиси панҷдақиқаинаи раиси шаҳр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баргузор гардид.
Зимнан иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, ба тамоми масъулин ва аъзоёни Иттифоқи собиқадорони башардӯсти шаҳри Левакант барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва пешгири аз омилҳои номатлуб изҳори сипос намуда, эшонро даъват намуд, ки минбаъд ҳам баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссагузор бошнад.