ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ–ОЛИТАРИН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муъминзода Мастура Табарӣ, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамдиёрони азиз!
Забони миллиро шаҳсутун ва ё ҳастии давлат медонанд. Забони мо-тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллиамон аст ва барои ҳар як соҳибзабон азизу муътабар мебошад. Бояд фаромӯш насохт, ки танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон барқарор кард.
Гиромидошти забони миллӣ аз ҷониби давлату ҷомеа пуштибонии махсусро талаб менамояд, аз ин рӯ бояд ба забон пайваста мисли ҷисми зинда ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку бегазанд нигоҳ доштани ин забони шево саъю талош намоем. Бояд эҳтиёт бошем, ки забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад. Ба ҳамин гуна ҳолати ногувор қабл аз ноил гардидан ба соҳибистиқлолӣ забони мо дучор гашта буд.
Хушбахтона бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ чун забони расмии кишвар қабул гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод. Забони тоҷикӣ дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон шуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гашт.
Сокинони шарафманди кишварамон дар зарфи сию се соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди пешрафти бемайлони тамоми самтҳои ҳаёт, ба хусус татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне рушди он ва ба таври куллӣ вусъат ёфтани доираи истифодаи забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ гардиданд.
Зимнан, барои пешрафт ва рушди забони давлатӣ, густариши доираи истифодаи он шароити муносиб муҳайё гардида, монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки то замони соҳибистиқлолӣ мавҷуд буданд, бартараф шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гашт.
Аз 5 октябри соли 2009, яъне бо қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушду такомул ворид шуд.
Имрӯз боиси шукргузорист, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишварамон муваффақона татбиқ мешавад ва масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамагон шоҳидем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикиро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар шинохтанд ва имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид он садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як фарди миллат мебошад.
Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумул, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзише дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфта, ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд. Забони тоҷикӣ аз қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад.
Мо ҳамагон вазифадорем, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем. Фаромӯш насозем, ки эҳтирому қадр кардани забони модарӣ аз риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад.
Мо бояд пеш аз ҳама ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем ва ин забони равону шеворо аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нозарур ҳифз намоем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сатҳи сухандонӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, ин раванд беш аз пеш густариш дорад. Аз ҷумла, пайваста нашри осори адибони барҷастаи классику муосир ба роҳ монда шуда, дастраси хонандагон гардонида мешаванд.
Бояд ҳамагон донем, ки забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои миллат ва ҳувияти ягонаи миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад.
Мо ҳамагон бояд забони модарии худро дӯст дорем, ба он эҳтироми бепоён дошта бошем, зеро забон аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад.
Бузургтарин вазифаи ҳар нафари худогоҳи кишварамон арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва ба наслҳои оянда поку беолоиш ба мерос гузоштани ин забони ширину шево, забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо истифодаи фурсати муносиб сокинони шарафманди шаҳри Левакант ва дар умум тамоми ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯям. Итминони комил дорам, ки ҳар яки мову шумо ба хотири рушду инкишофи забони давлатӣ, барои ояндагон поку бегазанд мерос гузоштани он саҳми муассир хоҳем гузошт.