ЛЕВАКАНТ: МДМВ ҶАВОНОНРО БА ВАРЗИШ ҶАЛБ МЕСОЗАД
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, байни дастаҳои футболи МДМВ ва МТМУ №15 бозии дӯстонаи футбол гузаронида шуд.
Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳр сурат гирифта, дастаҳои футболбозони наврас хеле хуб сабқат карданд.
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Ҷаҳонгири Бобоҷон хабар дода афзуд, ки баҳри пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷиноят, оворагардӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, обутоб ёфтани наврасону ҷавонон, ҷалби онҳо ба варзиш аз тарафи Муассиса дар аз рӯи 12 намуди варзиш мураббиён машқу тамрин медиҳанд. Инчунин ӯ иброз намуд, ки мусобиқаҳои деҳа ба деҳа ва маҳала ба маҳаларо низ дар деҳоти дурдасти шаҳр ба роҳ мемонанд то ҷавонону наврасонро бештар ба варзиш ҷалб созанд.




