ЛЕВАКАНТ: ПАЁМ ОМИЛИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ

.

29-уми январ, ҷиҳати омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” дар толори Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Шарифӣ Бобосафар Ҳамидзода, раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-Манучеҳр Саидқулов, мудири бахши фарҳанг-Талбзода Азизулло, мудири бахши маориф-Раҳимов Файзулло ва дигар фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Шарифӣ Бобосафар дар баромади худ иброз дошт, ки чун ҳамеша, Паёми Пешвои муаззами миллат ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 5 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти Ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст. Паёми Президент албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеа: сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида дар рушд, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дар бар мегирад ва наметавон вохӯрӣ ё баромад оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин хотир бояд мо шаҳрвандони Тоҷикистон онро барномаи кории доимии худ дар як соли оянда ва солҳои минбаъда қарор диҳем.

Сипас вобаста ба дастуру супориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳҳи корӣ ибрози назар шуда, аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри рушди ватани азизамон Тоҷикистон дар ҳама самту соҳа фаъол бошем.