ЛЕВАКАНТ: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БА ОМӮЗГОРОН
29-уми январ, дар толори МТМУ-и №15-и шаҳри Левакант, бо иштироки директори Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар-Раҳмон Хурсанд, таблиғгари сатҳи ҷумҳуриявии ММТ дар шаҳри Левакант-Гулакова Марзия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-Юсупов Хайриддин, сармутахассиси бахши маорифи шаҳр-Мирзоев Аҳмад ва омӯзгорони макотиби шаҳр, Семинари омӯзишӣ дар бораи курси шиносоӣ бо низоми имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ тариқи ММТ дар соли 2025 гузаронида шуд.
Семинарро Гулакова Марзия-таблиғгари сатҳи ҷумҳуриявии ММТ дар шаҳри Левакант оғоз намуда, дар бораи муҳим будани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ибрози назар намуд. Мақсади асосии курси омӯзишӣ, ки дар 3 сатҳ-ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад, омода намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ; таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин Семинар-омӯзиш омода кардани омӯзгорон ба давраи имтиҳонсупори тариқи ММТ мебошад. То онҳо тавонанд дар ин самт ба шогирдон роҳнамо башанд.




