ЛЕВАКАНТ: ОМӮЗИШ АЗ ҶОНИБИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

.

Имрӯз дар толори Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант, аз тарафи маъмурияти Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант, бо мудирони хоҷагии муассисаҳои таълимию томактабӣ Семинарӣ омӯзишӣ гузаронида шуд.

 

Семинар бо мақсади пешгири аз сухтор дар муассисаҳои таълимӣ ва меъёри дурусти истифодабарии ангишту ҳезум буда, хатару зарари маводи сузишворӣ ҳангоми истифодаи нодуруст, ба мудирони хоҷагии муассисаҳои таълимӣ фаҳмонида шуд.

Инчунин раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр-Мусозода Бибисоро вобаста ба муҳтавои Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Ӯ зикр дошт, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тамоми қишрҳои ҷомеа, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дода ба ин соҳа афзалияти бештар медиҳанд. Баланд бардоштани музди маоши омӯзгор, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, имтиёзҳои махсус барои омӯзгорони ҷавон, таваҷҷуҳ ба мактабу маориф аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат мебошанд, ки дар ҳар Паём ва суҳбату мулоқотҳо мо онро хеле хуб мушоҳида мекунем. Пас моро зарур аст, ки дар навбати худ масъулияти вазифавиамонро садоқатмандона анҷом диҳем.