ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАҒЕРТУТИ Ҷ/Д ВАҲДАТ

.

16-уми март, дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам бо тамоми рукнҳо ва сунатҳои наврӯзӣ тантана кард.

Субҳи барвақт гулдухтаракони деҳот ба тамизкорию курпабарорӣ, тоза намудани ҳавлию хонаву дар, кӯдакон шеърхонон ба арғунчакбозӣ ва қисме ба ороиши рӯю муй усмакашӣ ва дигар корҳое, ки махсус дар фасли баҳор ва омадани иди Наврӯз анҷом дода мешуданд машғул гаштанд.

Як гурӯҳ гулдухтаракону ҷавонон ҳамчун анъанаи куҳани гулгардонӣ, маросими гулгардониро хеле хуб иҷро намуданд. Онҳо шеърхонон ба соҳибхонаҳо гулҳои баҳорӣ тақдим намуда, муждаи рафтани дай ва омадани фасли баҳорро медоданд. Соҳибхонаҳо бошанд бо гирифтани гул ба ҳар як кӯдак ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ шириниҳо тақдим карданд.

 

Занону бонувон бошанд, ба гулдухтаракон пухтани таомҳои миллиро меомӯзонданду худ ба омода кардани нону кулча, таҳмол ва дигар таомҳои миллӣ машғул гаштанд.

Варзиш бошад, яке аз рукнҳои Наврӯзӣ буда, ҷавонони деҳот, тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр, дар гӯшае ба гуштингирӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, туббозӣ ва дигар намудҳои варзиш машғул гардида, ҷашни Наврӯзро бо хушнуди истиқбол гирифтанд.

Сокинони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» алалхусус бонувон дар наврӯзгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, дуғкашӣ ва анвои гуногуни хӯрданӣ, суманак, нону кулчаву таҳмол, кулчақанду дигар шириниҳоро манзури иштирокдорони чорабинии Наврӯзӣ намуданд.

Ҳунармандони бахши фарҳанг баҳри фароғати сокинон суруду таронаҳои дилнишини наврӯзӣ замзама намуда, табъи иштирокдоронро шод гардониданд.

Ҷавонону гулдухтарон бошанд бо шавқу завқи худ гулхан афрухта, ба хотири рафтани сардиҳо ва омадани гармӣ дар гирди оташ рақсида хушнудӣ карданд. Инчунин ҷавонон дар яке аз боғҳои пургул сайругашти наврӯзӣ карда, бо ҳамдигар мушоира карданд, ки ниҳояд хушҳолию хушнудии онҳоро ҳадду канор набуд.

Марди чупон бошад рамаи худро ба чаро баровардаву бо зимистони қаҳратун падруд ва баҳори нозанинро истиқбол мегирифт.

Чунин сурат гирифт тантанаи Наврӯзӣ дар деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант.