ЛЕВАКАНТ: СИТОД БАРОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ВА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

.

Имрӯз 11-уми март, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо Ситод гузаронид.

Дар ин Ситод аз роҳбарон пурсида шуд, ки то ин вақт баҳри омодагӣ ба ҷашни миллии Наврӯз ва даъвати баҳории ҷавонон кадом корҳоро ба анҷом расонидаанд.

 

Масъулини муваззафгашта иброз доштанд, ки омодагиҳо дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ монда шудааст, ҷашни Наврӯз дар сатҳи хеле хуб баргузор мегардад ва сафарбарии ҷавонон бошад чун даъвати қаблӣ дар рӯзи аввал иҷро мегардад.

Сипас барои дар сатҳи зарӯрӣ баргузор намудани ҷашни Наврӯз ва даъвати баҳории ҷавонон дастуру супоришҳо дода шуда, иҷроиши онҳо дар кутоҳтарин фурсат талаб карда шуд.