ЛЕВАКАНТ: САҲМИ ФАЪОЛОН ДАР ОБОДОНӢ
Ҷиҳати иҷрои супориши раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, вобаста ба риояи талаботҳои шаҳрнишинӣ, бартараф намудани заминҳои ғасбшуда аз тарафи шаҳрвандон, наовехтани либос ва дигар ашёи рӯзгор аз панҷараҳо, тозагии гирду атрофи биноҳои баландошёна, муддати ду ҳафта ҳаст, ки аз тарафи шахсони масъулгашта корбарию фаҳмондадиҳӣ тариқи усули фардии "хона ба хона" идома дорад.
Вобаста ба натиҷаи корҳои анҷомшуда, аз тарафи муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло пурсиши шуд.
Масъулини муваззафшуда аз ҳисоби фаъолони шаҳр, иброз доштанд, ки дар ин самт кор хеле хуб ба роҳ монда шуда, аксар камбудиҳо ислоҳ шуданд ва чунин усули корбариро ба хотири зебову дилрабо намудани шаҳри Левакант идома хоҳанд дод.

