ЮСУФОВ Мансур Раҳимович
*аз майи соли 2009 дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант кор мекунад.
*Соли таваллуд: 14 ноябри соли 1961
*Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*Соли 1985 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм намудааст.
*Ихтисос: муҳандис – бинокор
*Унвони илмӣ: надорад
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1979-1980 коргари қатории заводи нӯриҳои азотии Вахши шаҳри Левакант.
Солҳои 1980-1985 донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 1985-1986 устои сехи қолабрезии заводи маҳсулоти оҳану бетонии №1, шаҳри Левакант.
Солҳои 1986-1987 сардори сехи қолабрезии заводи маҳсулоти оҳану бетонии №1, шаҳри Левакант.
Солҳои 1987-1988 муҳандиси калони техникаи бехатарии заводи маҳсулоти оҳану бетонии №1, шаҳри Левакант.
Соли 1988 (01-12) сардори шӯъбаи истеҳсолию техникии заводи маҳсулоти оҳану бетонии №1, шаҳри Левакант.
Солҳои 1988-1989 устои калони кооперативи «Сохтмончӣ»-и шаҳри Левакант.
Соли 1989 (06-09) муҳандиси шӯъбаи банақшагирии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагросохтмонмонтаж»-и ноҳияи Кӯшониён.
Солҳои 1989-1996 сардори шӯъбаи банақшагирии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагросохтмонмонтаж»-и ноҳияи Кӯшониён.
Солҳои 1996-1999 сармуҳосиби иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагросохтмонмонтаж»-и ноҳияи Кӯшониён.
Солҳои 1999-2002 мутахассиси шӯъбаи соноату манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант.
Солҳои 2002-2009 мудири шуъбаи сохтмону меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант.
Аз майи соли 2009 то ҳоло мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант.