Тибқи нақша-чорабинӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207-7, аз 30-юми апрели соли 2016, дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он 9-уми феврал, дар толори филиали ДБССТ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар ин вохӯрӣ сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-подполковник Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид, нозири калони гурӯҳи назоратӣ оид ба корҳои шиносномавии РВКД подполковники милитсия-Мирзозода Абдулҳаким, нозири калони ХШБ ШВКД дар шаҳри Левакант майор Мусоев Ҷамшед, директори филиали ДБССТ дар вилояти Хатлони шаҳри Левакант-Баротзода Шарифхон ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-подполковник Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид ҷиҳати эълон гардидани соли 2024, ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 ибрози назар намуд. Ӯ зимни баромади худ қайд кард, ки дар шароити кунунӣ дар рушду инкишофи ҳар давлат ҷавонон нақши бориз доранд. Чунки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол ва неруи бунёдкору созанда буда, нисбат ба қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъолу серҳаракат, ҳамчунин умеду такягоҳи давлат ва миллат мебошанд. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки пайваста омӯзанд ва донишашонро такмил бахшанд, аз илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор гарданд, илова бар ин сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд.

Сипас нозири калони гурӯҳ оид ба корҳои шиносномавии РВКД подполковники милитсия-Мирзозода Абдулҳаким ба сухан баромада, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207-7, аз 30-юми апрели соли 2016, дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он ибрози назар намуд.

Инчунин вобаста ба бақайдгирӣ, тартиби омода намудани ҳуҷатҳо барои гирифтани шиносномаҳои пластикӣ, нархномаи шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаи хориҷӣ бо масъулин саволу ҷавоб сурат гирифт.