Имрӯз 10-уми феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи Ҳисоб-Чилазода Қарахон ба шаҳри Левакант ташриф оварданд. Раиси вилоят ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари кории худ ба шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр гузаронида шуд иштирок намуданд.

 

Боиси зикр аст, боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант, дар миқёси вилоят калонтарин боғ буда, бахши фарҳанг, гулгашти Парчам, варзишгоҳи марказӣ ва дигар хизматрасониҳои истироҳату фароғат дар дохили он мавҷуд аст.

Раиси вилоят-Давлаталӣ Саид зимни ин сафар ба масъулини шаҳри Левакант, ҷиҳати боз ҳам ривоҷ бахшидани корҳои ободонӣ дар дохили боғ, кабудизоркунӣ, шинонидани ҳарчи бештари гулу ниҳолони ороиши супоришҳои махсус дод.

Бояд гуфт, ки дар маъракаи нави кабудизоркунӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, миқдори зиёди ниҳолони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороиши шинонида шуда, ин амал дар тамоми қаламрави шаҳр аз тарафи сокинон ва кормандони ташкилоту корхонаҳо ҷараён дорад.