Имрӯз 7-уми феврал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ баҳри шиносоӣ ба кори роҳсозон ба Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант ташриф овард. Ӯ бо кормандони ин сохтор суҳбат намуда, аз фаъолияти корӣ ва вазъи роҳҳои маҳалва аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи дар тавозуни Муассисаи мазкурбуда пурсон шуд.
Роҳбари Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант-Иззатулозода Раҷабалӣ иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир роҳҳои маҳалӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи шаҳр дар ҳолати хуб қарор дошта дар ин самт мушкилии ҷиддӣ вуҷуд надорад. Зимистонгузарони бошад дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.