Имрӯз 7-уми феврал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, баҳри шиносоӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3,10,11-и қаламрави ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ташриф овард. Дар ин сафар ӯро раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Султонов Фарух, директорони муассисаҳои таълимӣ ҳамроҳӣ карданд.
Муминзода Мастура Табарӣ зимни шиносоӣ, аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои мазкур ошно гашта, бо хонандагон ва омӯзгорон саволу ҷавоб намуд. Ҳамзамон ӯ ба масъулини муассисаҳои мазкур ҷиҳати ободонию созандагӣ, кабудизоркунию гулшинонӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушахас дод.