Муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло, бо хонандагони синфҳои 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳр вохӯрӣ намуда, аз шароити таҳсил ва таълиму тарбияи онҳо бохабар гашт. Ӯ бо писарон дар вақти дарси тарбияи ҷисмонӣ ва бо духтарон дар вақти дарси географи дар суҳбат шуда, таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму техника ҳарчи бештар ба хонадану аз бар кардани илму дониш машғул шаванд. Оворагардӣ ва кӯчагарди накарда, дар озмунҳои ҷумҳуриявию мактабӣ иштироки фаъол намоянд. Пас аз хатми муассиса ҳатман ба ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ё ба сафҳои Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванданд. Ин аст қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар як сокини Ватан.