Бо супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ дар гулгашти Парчами миллӣ дар шаҳри Левакант ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷалби кормандони бахши фарҳанг ҳашари гулшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, беш аз 3-ҳазор гулҳои ороишӣ таъмин гардида, кормандони бахши фарҳанг, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар гулпарварон онро бо ороиши хубу диданибоб шинониданд.

 

Дар дигар гушаю канори боғ корҳои ободонӣ, созандагӣ ва кабудизоркунию ниҳолшинонӣ дар сатҳи хуб ҷараён дорад.

Боиси зикр, ки чанде пас фасли зебои баҳор фаро мерасаду бояд боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар кӯчаҳои шаҳр намои зоҳирии хеле зебо дошта бошанд. Ба ин хотир Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулини тамоми ташкилоту корхонаҳо супориш доданд, ки маъракаи кабудизоркуниро тибқи нақша дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, Наврӯзи оламафрӯзро бо накҳати гулу таровати зебои баҳори пешвоз гиранд.

Ин иқдом ва ташаббусро имрӯзҳо сокинони шаҳри Левакант, сармашқи кори худ намуда, ҳамарӯза тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона дар ободонӣ, маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ саҳмгузорӣ карда истодаанд.

Ниҳолшинонию сабзкорӣ бошад дар тамоми қаламрави шаҳр, аз тарафи сокинон хеле хуб ба роҳ монда шуда, алакай назди аксари ташкилоту корхонаҳо гулкорӣ шудаанд.