Имрӯз 16-уми феврал, дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар кӯчаҳои шаҳри Левакант, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ корҳои ниҳолшинонию сабзкорӣ ва ободони вусъати тоза касб кард.

 

Бо ҷалби кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар калонтарин кӯчаи шаҳр Рӯдакӣ ниҳолшинонӣ сурат гирифта, сабзкорӣ дар сатҳи хеле хуб ҷараён гирифт. Бояд гуфт, ки дар ин кӯча бо супориши Муминзода Мастура Табарӣ чанд рӯз аст, ки ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешаваду, тамоми шаҳрвандон ин иқдомро сармашқи кори худ намудаанд.

Инчунин дар доираи ҳамин тадбирҳои ободонӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва саҳми корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Левакант дар кӯчаи Фирдавсӣ беш аз 20-чароғи равшанидиҳандаи замонавӣ настб гардида равшаннамоӣ дар ин кӯча низ таъмин гардид.

Вакилони халқи вакилони шаҳри Левакант бошанд бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи Фирдавсӣ назди бинои бахши маорифи шаҳр, ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида беш аз сад ниҳоли сояафкани арча ва гулу буттаҳои ороишӣ шинониданд.

Боиси зикр аст, ки корҳои ниҳолшинонию сабзкорӣ ва ободонӣ фардо низ дар назар асту идома меёбад.

Шаҳрдорӣ азм доранд, ки дар кутоҳтарин фурсат тамоми кӯчаҳои шаҳри Левакантро гулкорию сабзкорӣ намуда равшаннамоӣ ва тозагиро пурра таъмин намоянд.