Имрӯз бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, даври шаҳрии озмуни «Катбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

 

Ҳайати Комиссияи Озмун муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр-Халилзода Нуқра, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимова робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Моҳираи Абдуғаффор ва дигарон дар Озмуни мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Занону бонувони хушзавқи шаҳр аз тамоми ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ дар Озмун фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро дар пухтани таомҳои милию дигар анвои ғизоӣ пешкаш намуданд.

Ҳайати ҳакамон аз намоиши ҳунару малака ва тарзҳои пухтану пешниҳод намудани таомҳои миллӣ дидан намуда, ба ҳунари ҳар катбону баҳои баланд доданд.

Сипас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар Озмун Сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар миёни иштирокчиён катбонуҳои Муассисаҳои КАТС шаҳр, беҳтарин дониста ба даври дигар Озмун роҳхат ёфтанд.

Қайд бояд кард, ки мақсад аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худошноӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаҳои ҷашни “Рӯзи Модар” ва Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мегардад.