Чун баҳор наздик мешавад ҳатман модарам сӯзану риштаву матову қайчиш дар даст ба духти куртаҳои гулдӯзӣ машғул мешавад. Ва бо навбат ба набераҳош дар рӯзҳои аввали баҳор аз куртаҳои духтааш тақдим мекунад.

Ин бегоҳ ногаҳон аз дараш даромадаму дидам, ки бо ҳавас гулдӯзи карда истодааст.

 

Шухиомез пурсидам, ки ин куртаҳоро ки фармоиш кард? Ӯ гуфт, ин навбат ба набераҳом Шаҳзодабону ва Дилнишин чакан медӯзам. Ба дигар набераҳо соли гузашта духта будам.

Бисёр суҳбатамон гарм шуд. Гуфтам ин ҳунара, яъне чакандӯзиро кай ва аз ки омӯхтед? Гуфт дар вақтҳои ҷавонии мо ҳатман ҳар як духтар қисми бештари ҷиҳози арусиашро худаш медӯхт, аз ҳамон вақт ман ин ҳунара аз бибият омӯхтаму то ба ҳол ҳар сол барои наздиктарин касом чунин куртаҳоро духта дар фасли баҳор туҳфа мекунам.

Дастад дард накунад очаи чакандӯзам...