Имрӯз 20-уми феврал, тибқи нақша-чорабинӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон бо иштироки намояндаи Маркази наркологии вилояти Хатлон–Мусамиров Ҳайдар, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо хонандагони зинаи сеюми таҳсилоти Литсейи давлатии №1 ва кормандони соҳаи тандурӯстии шаҳр вохӯрӣ гузаронида шуд.

 

Мусамиров Ҳайдар, намояндаи Маркази наркологии вилояти Хатлон зимни ин вохӯрӣ бо хонандагон иброз дошт, ки нашъамандӣ чун як бемории ғайриодӣ ба тамоми узвҳои бадани инсон, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфии худро расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун мубтало сохта, ниҳоят ба марг бурда мерасонад. Албатта, теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошанд.

Масъулин ба ҷавонон таъкид намуданд, ки нашъамандӣ ва дигар одатҳои бад инсонро беобрӯ карда, оқибат ба маҳкама ё марг оварда мерасонад. Аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ даст ба нашъамандӣ ё дигар одатҳои бади ба он наздик назада бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул гарданд.

Дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр гуфта шуд, ки дар замони моусир нашъамандӣ яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз оморҳо бармеояд, ки ҷавонон бештар ба дарди бедавои нашъамандӣ гирифтор мешаванд. Мутаассифона, мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият кашида, ҳазорон нафар аз ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар барои пешгирӣ намудани ин беморӣ тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида мешавад. Ҷиҳати пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, истифодаи ғайритиббии он, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва соли 2021 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба тасвиб расонида шуд. Қабули стратегияҳои мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин, стратегияҳои мазкур барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

Дуруст аст, ки нашъамандӣ вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу мусибат меорад. Қобили зикр аст, ки олимону мутахассисони соҳаи тиб нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи беамон мебаранд.