Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кардан ба фаъолияти Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, ба ин Муассиса омаданд.
Боиси зикр аст, ки Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, яке аз муассисаҳое мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфта, имрӯз беш аз ҳазор донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифтаасту садҳо мутахассиси дигар ин боргоҳро хатм намуда, дар муассисаҳои тандурустии шаҳр ва дигар шаҳру навоҳи пайи кору фаъолият мебошанд.
Имрӯз дар ин Муассиса тамои шароити таҳсил ва касбомӯзӣ муҳайё буда, роҳбарият мекушанд, ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва рақобатпазир ба бозори меҳнатро омода созанд.
Дар тули фаъолияти кутоҳи худ донишҷӯён ва омӯзгорону маъмурияти Муассиса ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, имрӯз низ дар талоши расидан ба қуллаҳои баланд ҳастанд.
Дастоварду комёбӣ тариқи гӯшаҳои махсус дар деворҳои долони Муассиса мавқеъ гирифта, асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшае хеле хуб ҷойгузин аст, ки он ба чашми ҳар меҳмони ин макон хеле хуб менамояд.
Синфхонаҳои таълимию амалӣ муҷаҳаз бо асбобҳои тиббии муосир ҳар як касбомӯзи ин боргоҳро водор месозад, ки дониши тиббиро аз устодони худ ба андозаи зарури омӯзанду онро амалан дар рафти кори худ иҷро намоянд.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҳангоми ин ошноӣ ба рафти таълиму тарбия ва кори омӯзгорон дар Муассиса баҳои хуб дода ба донишҷӯён тавсия доданд, ки бо ин шароиту имконият фақат омӯзанду соҳибкасб гарданд.