Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ, дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳри Левакант бо донишҷӯёну омӯзгорон, вобаста ба пешгирӣ аз экстремизму терроризм, нашъамандӣ, одатҳои бад, пешгири аз пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигар омилҳои номатлуб вохӯрӣ намуданд.

 

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Шеров Давлат бо овардани иқтибосҳо аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар хусуси таълиму тарбияи дуруст, омӯзиши касбу ҳунар, одобу рафтор, пешгири аз омилҳои номатлуб ибрози назар намуда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бештар хонанду соҳибкаст гарданд.

Халилзода Нуқрамоҳ мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, вобаста ба пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, одобу рафтори духтарон дар муассиса ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешгири аз хурофотпарастӣ ва амсоли инҳо баромад намуд.

Дигар аъзоёни гурӯҳ баҳри бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём, даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ баромад ва маърӯзаҳо карданд.

Директори Муассисаи ғайридавлатии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант-Эмомов Ҳусейн иброз дошт, ки сифати таълиму тарбия дар Муассиса дуруст ба роҳ монда шуда, то кунун ягон қоидвайронкунӣ мушоҳида нагардидааст. Дар оянда низ маъмурияти Муассиса кушиш менамоянд, ки сифати таълиму тарбияро боз ҳам хубтар ба роҳ монда, кадрҳои болаёқати соҳаи тандурустиро омода созанд.