21-уми феврал, дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант ва корҳои анҷомдодаи Шӯро дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар кори Шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини якуми раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.
Кори Шӯроро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ оғоз карда, котиби Шӯро оид ба натиҷаҳои иҷрои нақша-чорабиниҳои Шӯрои шаҳрии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант ва корҳои анҷомдодаи Шӯро дар соли 2023 Юсуфӣ Муҳаммадсалим маълумот дод.
Вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқотҳо ба аҳли ҷамоатчигӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо, оиди сарфаконона истифода бурдани қувваи барқ ва об, инчунин самаранокистифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон Самадзода Шоҳрух мудири бахши ҳифзи муҳити зисти Мақомоти иҷроия ҳисобот дод.
Сипас оид ба пешгирии таълимоти ғайрирасмии диннии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону ташкилотҳои экстремистӣ, баргузории чорабиниҳо бо ҷалби зиёиён, адибон, руҳониёни бонуфуз, ВАО прокурори шаҳри Левакант-Зоирзода Комилҷон бо таҳлилу баррасӣ баромад намуд.
Дар хусуси таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, сабабу омилҳои содиршавии он ва пешниҳоди тавсияҳо оиди пешгирӣ намудани чунин ҷиноятҳо Саодатқадамов Муҳиддин муовини сардори ШВКД дар шаҳри Левакант, дар назди аъзоёни Шӯро маърӯза кард.
Ҳамчунин тасдиқи Нақшаи кори Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси шаҳри Левакант барои соли 2024, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оиди фаъолияти босамари Шӯро ва ҷоннок намудани кори он дар соли 2024, аз тарафи аъзоён муҳокимарониҳо сурат гирифта, тақвияти корҳои оянда мавриди барраси қарор гирифт.